Кормандони фаврии хадамоти зидди мухаддироти Русия интиқоли маводи сахттаъсири нашъаовари героин аз Тоҷикистон ба Русия дар халтаҳоро роҳандозӣ намудаанд.
Тавре Кумитаи тафтишоти Русия дар ин робита хабар медиҳад , дар вилояти Новосибирск фаъолияти гурӯҳи ҷиноятпешаи нашъаҷаллобон қатъ карда шудааст, ки ба ҳайати он 6 нафар кормандони фаврии Хадамоти федералии назорати маводи нашъаовар (ХФНМН) ва ҳамчунин корманди ВКД Русия шомил будаанд. Зимни амалиёт ҳудуди 20 кило героини аз хориҷи кишвар воридгардида мусодира шудааст.
Қайд мешавад, ки дар мавриди ин ҳодиса дар баробари кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, амалҳои сокинони шаҳри Новосибирск Илҳомҷон Шомирсаидов ва Дмитрий Корнев низ мавриди тафтиш қарор гирифтааст.
«Зимни тафтишот ва мурофиаи судӣ муайян карда шудааст, ки 10 октябри соли 2013 кормандони фаврии ХФНМН-и Русия дар вилояти Новосибирск Якушев, Соколов, Василев, Маркин, Кушнир ва корманди Сарраёсати ВКД Русия дар Ҳавзаи федералии Сибир Борников ғайриқонунӣ интиқоли героин аз Тоҷикистон ба Русияро дар халтаҳои сабзавот ташкил кардаанд. Ғайр аз ин, ҳамон рӯз Кушнир Маркин ва Василев бо мусоидати Соколов нисбати як мард бардурӯғ доир ба дар автомашинааш дарёфт кардани бастаҳои маводи мухаддир санад тартиб додаанд», - омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, суд Шомирсаидовро ба 14 соли зиндони низомаш шадид ва ҷарима дар ҳаҷми 500 ҳазор рубл, Якушевро ба 5 соли зиндони низомаш умумӣ, Борников, Корнев ва 2 нафар собиқ кормнадони ХФНМН Василев ва Кушнирро ба аз 7 то 13 соли зиндони низомаш шадид ва ҷаримаи ҳар кадоме дар ҳаҷми 400 ҳазор рубл, боз 2 нафар собиқ кормандони ХФНМН Соколов ва Маркинро шартан ба 4 соли зиндон бо ду сол муҳлати озмоишӣ маҳкум кардааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста