Се нафар кормандони Шуъбаи ВКД Тоҷикистон дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ба баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ гумонбар дониста мешаванд.
Муовини сардори Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Суҳроб Саломов дар ин робита иттилоъ дод, ки се нафар кормандони шуъбаи ВКД дар ноҳияи Фархор барои лату кӯби яке аз боздоштшудагон ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуда, айни замон дар боздоштгоҳи тафтишотӣ қарор доранд.
«Кормандони милитсия ба гумони баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ боздошт шуда, нисбати онҳо мутобиқи моддаи «шиканҷа» парванда боз намешавад», - гуфт номбурда, вале аз ифшои ному насаби гумонбаршудагон худдорӣ варзида, танҳо қайд кард, ки тафтишот аз рӯи ин парванда идома дорад.
Зимнан зикр гардид, ки аз оғози соли равон аз ҷониби 7 корманди милитсияи вилояти Хатлон 5 ҷиноят содир шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста