Мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон як гурӯҳи муташаккили ҷиноятиеро ошкор ва боздошт кардаанд, ки ба эҳтимоли зиёд дар қазияи Сабина ва Малика Араловаи 5-сола – апаву хоҳаре, ки моҳи марти соли 2013 нопадид шуданд ва Осия (Сабоҳат) Диловароваи 5-сола, ки баъдтар ҷасадаш дар Ҳисор пайдо шуд, даст доранд.
Бино ба иттилои рӯзномаи «ИмрӯзNews», як манбаъ аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо тасдиқи боздошти аъзои ин гурӯҳ – кӯдакрабоянда (Матлуба Ахмедова), духтур (Ғиёсов-корманди беморхонаи Қарияи боло) ва таксист (шахсияташ зикр нашуд) гуфтааст, айни замон тафтиши ин ҳодисаҳо идома дошта, фарзияҳои тафтиш то ба қазияи Осия ва Араловаҳо тӯл мекашад.
Бино ба маълумоти манбаъи рӯзнома, ҳарсе аъзои ин гуруҳ замоне боздошт шуданд, ки як духтарчаи 7-соларо медуздиданд. Ин ҳодиса рӯзи чоршанбе, 20 июли соли равон, дар атрофи Маркази савдои “Садбарг”, дақиқан дар ҳамон мавзеъе рӯй додааст, ки Араловаҳо ва баъдтар Осия гум шуданд. Ф.Б-и 7-сола ҳамсояи Осияву Араловаҳо ва мисли онҳо яккафарзанд будааст. Кормандони Раёсати мубориза ба зидди ҷиноятҳои муташаккили (УБОП) ВКД Тоҷикистон кӯдаки дуздидашударо баъди ҳамагӣ 20 дақиқа озод карда, ба модараш баргардонидаанд.
Ҳангоми кофтуков аз манзили ба иҷорагирифтаи ин гуруҳ дар маҳаллаи Зарафшони ш. Душанбе асбобу олоти ҷарроҳикунӣ, сӯзандорову ҳабҳои мадҳушкунанда (Феназепам, Диазепам) ва ҳатто либосҳои кӯдакона пайдо шудаанд. Аз дохили мошине ҳам, ки Ф.Б.-и ноболиғ бо он бурда мешуд, сӯзандорӯи омодашуда пайдо гардидааст, ки бо моеъи мадҳушкунанда омехта шудааст.

Малика ва Сабина Араловаҳо

Сабоҳат (Осия) Диловарова
Гумонбаршуда Матлуба Аҳмедова бо акси аслӣ ва мӯйи сари сохта (парик)




Марде аз Амрико дар зери харобаҳо намунаҳои чойхонаи тоҷикиро пайдо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 январи соли 2026
Шабакаҳои гармидиҳӣ ҳам гармиро 17% қиматтар мехарад. Нархи гармӣ барои аҳолӣ ҳам боло меравад?
Тақрибан 30 ҳуҷраи алоҳида барои кумак ба қурбониёни хушунати хонаводагӣ. Ин утоқҳо дар куҷо воқеанд?
“Ошиқони ғоявӣ”-и “баргузида”, ки Трамп рабуд ва ба зиндон бурд. Николас Мадуро ва ҳамсараш Силия Флорес кистанд?
Як муовини вазири корҳои дохилӣ ва сардорони чанд шӯъбаи ВКД дар шаҳру навоҳӣ нав шуданд. Онҳо кистанд?
Пулиси Душанбе соли гузашта беш аз 160 фолбину сеҳргарро ҷарима ва ҳабс кардааст
Роботи одамсурат дар Тоҷикистон. Он метавонад ба тоҷикӣ ҳарф занад, кор ва рақс кунад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 1
Соли 2025 қурби сомонӣ нисбат ба доллару евро боло, вале дар муқобили рубл поин рафт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста