Суди ҳавзаи ҳарбии Урал афсари пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон Иван Шербаковро, ки ба куштори шаҳрванди Тоҷикистон, зани 22-сола Шоира Ҷобирова гумонбар дониста мешуд, ба 12 соли зиндон маҳкум кард.
Аз пойгоҳи низомии 201-ум ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ғайр аз ин суд Шербаковро ба пардохти ҷубронпулӣ ба наздикони Ҷобирова дар ҳаҷми 1,5 млн. рубл низ уҳдадор кардааст.
Ба иттилои манбаъ, муҳлати ҷазоро Шербаков дар яке аз муассисаҳои ислоҳии Русия адо мекунад. Мурофиаи судӣ дар гарнизони ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон баргузор шуд.
Қаблан иттилоъ дода будем , ки прокуратураи ҳарбии Ҳавзаи марказии ҳарбӣ парвандаи ҷиноӣ исбати афсари рус Иван Шербаковро ба тафтиши иловагӣ фиристод. Иван Шербаков дар шаҳри Екатеринбурги Русия аз ташхиси судии рӯҳӣ гузашта , солим дониста шуд.
Шербаков ба қатли сокини шаҳри Душанбе Шоира Ҷобироваи 22-сола, ки 5 ноябри соли гузашта рух дода буд, айбдор карда мешавад. Он замон иттилоъ дода шуд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистону Русия дар ҳамдастӣ бо раҳбарияти пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон дар фурсати кӯтоҳтарин сабабҳои куштори зани маҳаллӣ аз ҷониби афсари пойгоҳи низомӣ Иван Шербаковро ошкор намуданд.
Ҳамчунин зикр гардида буд, ки хизматчии ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон Иван Шербаков, ки ба қатли як зани тоҷик Шоира Ҷобироваи 22-сола гумонбар дониста мешавад, ба тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и №1-и шаҳри Душанбе интиқол гардида, то ахири тафтишот - 6 январи соли 2016 дар он ҷо қарор хоҳад дошт. Дар ин бора қаблан Радиои Озодӣ бо истинод ба манбаъҳои наздики худ ба тафтишот иттилоъ дода буд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста