Давоми рӯзҳои 21 ва 29-уми июли соли равон аз соҳили дарёи Душанбе, воқеъ дар кӯчаҳои А.Қаҳҳоров ва Мушфиқии шаҳри Душанбе ҷасадҳои ду зани шахсияташон номаълум, бо аломатҳои марги маҷбурӣ, яъне баъди куштор бо қисмҳо ҷудогардида дарёфт карда шуданд.
Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, нисбати ин ҳодисаҳо аз ҳисоби кормандони ботаҷрибаи мақомоти корҳои дохилӣ ва Прокуратураи генералӣ гурӯҳи оперативӣ-тафтишотӣ таъсис дода шуда, ин ҷиноятҳои мудҳиш ба таври фаврӣ ошкор ва қотилон дастгир карда шуданд.
Гуфта мешавад, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ба гумони даст доштан дар ин ҷиноятҳо се нафар шаҳрвандон: марди 25-солаи сокини ноҳияи Восеъ, марди 23-солаи сокини ноҳияи Варзоб ва марди 26-солаи сокини шаҳри Душанбе боздошт шудаанд.
Ҳамчунин, муайян карда шудааст, ки санаи 21-уми июли соли 2016, номбурдаҳо бо зани 25-солаи сокини шаҳри Душанбе, дар назди бинои Сирки давлатии Тоҷикистон шинос шуда, аввалан барои муносибатҳои шаҳвонӣ ӯро ба манзили истиқоматиашон ба кӯчаи Н.Қарабоев бурда, баъди муноқиша барои маблағ бераҳмона ба ҳалокат расонидаанд. Сипас ҷасадро ба қисмҳо ҷудо намуда, дар ҷузвдон ва халтаи полиэтиленӣ гирифта, ба дарё мепартоянд.
Ҳамин тариқ гумонбаршудагон, такроран даст ба ҷинояти махсусан вазнин зада, санаи 27-уми июли соли 2016, тахминан соатҳои 03:00-дақиқа, бо мақсади муносибатҳои шаҳвонӣ, зани 23-солаи сокини шаҳри Душанберо ба манзили истиқоматиашон, воқеъ дар кӯчаи Н.Қарабоев бурда, баъди муноқиша барои пул бо воситаи болишт буғӣ карда, ба ҳалокат расонидаанд.
Номбурдагон барои рӯйпӯш намудани ҷинояти содирнамуда ҷасади занро бо корди хоҷагӣ ба қисмҳо ҷудо карда, ба ҷузвдони сиёҳ ва селофани полиэтиленӣ ҷой намуда, ба дарёи Душанбе партофта, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд.
Ҷинояткорон ҳама дастгир шуда, айни замон дар ҳабси пешакӣ қарор доранд ва нисбаташон бо дастрасии моддаи 104 Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста