Кормандони милитсия ба гумони даст доштан дар куштор сокини 73-солаи ноҳияи Рӯдакиро боздошт намуданд.
Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, номбурда бинобар сабаби хусумат доштан бо ҳамсояаш, марди 67-сола муноқиша намуда, бо бели дар дасташ ба сари ҳамсояаш як маротиба задааст.
«Бар асари ин зарба ҳамсояаш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат расидааст», - қайд мешавад дар маълумот.
Гуфта мешавад, ҳамчунин зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия, марди 38-солаи сокини шаҳри Душанбе А.Б, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии ҶТ (дуздӣ) суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор дастгир карда шуд.
Ба иттилои манбаъ, номбурда, аз сабаби муноқишаи оилавӣ бо ҳамсараш, Н.Ш., зани 28-сола ҷангу ҷанҷол карда, ӯро ба қатл расонидааст.
Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста