Барои даъватҳо ба узвият дар сафҳои созмони террористии Давлати исломӣ бори нахуст дар вилояти Суғд як ноболиғ маҳкум карда шуд.
Судяи суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҳамзамон раиси мурофиа Нурулло Ашӯрзода ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки барои даъватҳои ифрогароӣ дар шабакаи интернет хонандаи синфи 10-уми яке аз мактабҳои ин ноҳия ба 10,5 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум шудааст.
Ба гуфтаи судя, муайян карда шудааст, ки навраси маҳкумшуда зери номи «Ҳидоятулло» дар сафҳааш дар яке аз шабакаҳои иҷтимоӣ бо мақсади ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафҳои ин созмон навори видео ва аксҳои Давлати исломиро интишор намуда, то замони боздошташ шумори корбарони саҳифаи ӯ ба беш аз 1000 нафар расидааст.
«Ҳамчунин муайян карда шуд, ки дар баррасиҳои кушоди саҳифаи наврас даъватҳои оммавӣ ба фаъолияти ифротгароӣ низ ҷой доштанд», - афзуд судя.
Қаблан сардори Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон зимни нишасти хабарӣ изҳор намуда буд , ки дар низоъҳои мусаллаҳона дар қаламрави Сурия 394 сокини вилоят ҳузур доранд.
Бино ба иттилои ӯ, тибқи маълумоти фаврӣ, 24 сокини вилоят ҳамсарон ва 44 кӯдаки ноболиғро ҳамроҳи худ ба Сурия бурда, 36 сокини вилоят дар даргириҳои Сурия кушта шудаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста