Суръатафзоӣ, ҳолати мастӣ, вайрон кардани қоидаҳои сабқат ва ҷойивазкунӣ, риоя накардани фосила, гуфтугӯ бо телефони мобилӣ, қоидавайронкунии пиёдагардон сабабҳои аслии чунин ҳаводис ба ҳисоб мераванд.
Бархӯрди маргбор
Садамаи нақлиётие, ки дар маркази шаҳри Хуҷанд 4-уми майи соли равон, тахминан соати 16:30 рух дод, боиси марги 3 нафар ва ҷароҳати вазнин бардоштани 2 каси дигар шуд. Аснои ин ҳодиса ронандаи 35-солаи мошини тамғаи «BMW» Фирӯз Ҷалолов аз хати ҳаракат берун шуда, якбора 5 нафарро дар ҷодаи пиёдагарди канори роҳ пахш кард.
Ҷалолов баъдан изҳор дошт, ки 7 сол инҷониб гирифтори бемории саръ ё эпилепсия асту замони вуқӯи садама дардаш хуруҷ карда, чизеро дар ёд надорад.
Дар робита ба қазияи мазкур Ашӯрбой Содиқов, сардори шуъбаи тафтишоти Раёсати умури дохилии Суғд рӯзи 14-уми июл зимни нишасти хабарӣ чунин гуфт: «Мо дар вақти тафтишоти пешакӣ муайян кардем, ки сабаби асосии ба садамаи нақлиётӣ дучор шудани Фирӯз Ҷалолов гуфтугӯ бо телефони мобилӣ мебошад». Вай афзуд, ки Ҷалолов гӯё гирифтори эпилепсия мебошаду ҳангоми ҳаракат дар роҳ беморияш авҷ гирифтааст, лекин эпилепсия ба гурӯҳи касалиҳои рӯҳӣ мансуб нест.
Ба гуфтаи ӯ, аз рӯйи ин далел бо моддаи 212, қисми 3-и Кодекси ҷиноятии ҶТ (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт) парванда оғоз шуда, айни ҳол дар арафаи тасдиқ кардани фикри айбдоркунӣ дар прокуратураи вилоят қарор дорад. Тибқи муқаррароти ин модда, кирдоре, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ё бештар шахсон гаштааст, бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 5 то 10 сол ҷазо дода мешавад.
Ҳалокати беш аз 750 нафар дар 5,5 сол
Ҳодисаи мазкур ягона садамаи нақлиётии маргбор дар вилояти Суғд нест. Тайи 5 соли ахир ва шашмоҳаи аввали 2016 дар шимоли Тоҷикистон ҳамагӣ 1932 садамаи роҳу нақлиётӣ рух додааст, ки бар асари он 757 нафар ҳалок ва 2016 каси дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.
Тибқи иттилои Дафтари матбуоти Шуъбаи БДА-и Раёсати умури дохилии вилояти Суғд, дар нимсолаи аввали соли 2016 аксари садамаҳои роҳу нақлиётӣ дар шаҳру навоҳии Истаравшан, Конибодом, Исфара, Бӯстон (Чкалов), Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Айнӣ ва Ашт рух додаанд.
Зарурати эҳтиёткорӣ ва дарки масъулият
Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ронандагон яке аз роҳҳои пешгирии ҳаводиси роҳу нақлиётӣ арзёбӣ мешавад.
Фахриддини Аваззод , сардори Дафтари матбуоти Шуъбаи БДА-и Раёсати ВКД дар вилояти Суғд бар ин ақида аст, ки ронанда бояд бо дарки масъулият ба талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ риоя кунад, то ҷони худу атрофиёнро эмин дорад.
Иди саиди Фитр муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2025
Ҷалби нерӯҳои СААД ба қазияи Украина то куҷо воқеӣ аст ва ин ба кишварҳои аъзояш чӣ паёмад дорад?
Рустами Эмомалӣ дигарбора аъзои Маҷлиси миллӣ интихоб шуд. Боз киҳо аъзои палатаи болои парлумон шуданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2025
Як сол баъд аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом. Чанд кас куштаву чанд нафар боздошт шуд ва тафтишот ба куҷо расидааст?
“Тамошобинон моро бо фараҳу хушнудӣ пазируфтанд”. Ҳунарнамоии балети тоҷик дар саҳнаи бузурги Порис
Парвозҳои мунтазам байни Хуҷанду Қошғар дубора барқарор мешавад
Харобиҳои сел дар натиҷаи борони рӯзи гузашта
Бидуни патент, вале хатарнок. Дар минтақаҳои азхудкардаи Русия муҳоҷирон метавонанд бе патент кор кунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста