Суди ҳарбии гарнизони Душанбе сарбози қисми низомии 06870 «В»-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Тоҷиддин Раҳматовро барои даст доштан дар куштори ҳамхизмати худ Азизҷон Мақсудов ба 9 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.
Муовини раиси суди ҳарбии гарнизони Душанбе Хусрав Давлатзода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки Тоҷиддин Раҳматов мутобиқи моддаи 104-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Одамкушӣ) гунаҳкор дониста шудааст.
Санаи 2 марти соли ҷорӣ Тоҷиддин Раҳматов ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ дар лагери солимгардонии «Баҳор»-и Вазорати мудофиа дар шаҳри Ваҳдат бо фарёди «мепарронам» мили автомати Калашниковро ба сӯи А.Мақсудов рост карда, аз он оташ мекушояд. Тир ба рӯи Мақсудов бархӯрда, ӯ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста