Хадамоти федералии амният (ХФМ)-и Русия фаъолияти ташкилотҳои ҷамъияти байнулмилалии интернетии «Роҳнамо ба сӯи давлати исломӣ»-ро бо забони тоҷикӣ қатъ кард.
Дар маълумоти дафтари матбуоти ХФА дар ин робита қайд мешавад, ки ин ҷамъият дар қаламрави вилоятҳои Сведловск, Тюмен ва Челябинск амал мекардааст.
Гуфта мешавад, аъзои ҷамъият ба таблиғи афкори терроистӣ ва ҷалби ҷангиён ба Давлати исломӣ, ҳамчунин ҷамъоварии воситаҳои пулӣ барои маблағгузории ин созмони террористӣ машғул будаанд.
Қайд мешавад, ки ба ҳайати ҷамъияти «Роҳнамо» дар Русия ва кишварҳои хориҷӣ, асосан кишварҳои ИДМ ба сурати умум беш аз 100 ҳазор нафар зодагони Осиёи Марказӣ шомил буда, фаъолтяти он аз ҷониби даҳҳо модераторони терроризм (исломи тундгаро) аз Русия, кишварҳои Шарқи Наздик ва шимоли Африқо (асосан Сурия, Ироқ, Миср) ҳамоҳангу идора мешавад.
«Дар ҷараёни амалиёти кофтукови маҳалли иқомати аъзои ҷамъият дар қаламрави вилоятҳои номбаршуда компютер, телефонҳои ҳамроҳи дорои наворҳои видеоии террористон, адабиёти мазмуни ифротгароӣ, кортҳои бонкӣ, ҳамчунин 3 таппонча, 4 норинҷак, ҳудуди 500 грамм пластит, 1 кило маводи тарканда вад игар муҳимоти марбут ба он дарёфт ва мусодира шуданд», - омадааст дар маълумот.
Зимнан зикр мегардад, ки нисбати роҳбари ташкилот ва 3 нафар аъзои он аз ҷониби шуъбаи тафтишоти ХФА Русия ба иттиҳоми роҳандозии фаъолияти созмони террористӣ ва иштирок дар он парванаи ҷиноӣ боз шуда, чорабиниҳои дигар дар ин самт идома доранд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста