Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Душанбе хона ба хона гашта, реҷаи шиносномавиро месанҷанд ва маълумот дар бораи сокинони дар пойтахт иқоматдоштаро ба қайд мегиранд.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, ин чорабинӣ мувофиқи нақша гузаронида шуда, ба ошкор кардани шаҳрвандоне, ки ғайриқонунӣ дар пойтахт иқомат доранд, нигаронида шудааст.
Бархе аз нозирони минтақавӣ ин чорабиниро чунин шарҳ медиҳанд, ки санҷиши мазкур дар робита ба ҷашни қарибулвуқӯи 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон сурат гирифта истодааст.
Ба гуфтаи онҳо, ин чорабинӣ мутобиқи дастури раҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ амалӣ мешавад.
Ёдрас мекунем, ки дар робита ба ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ аз аввали моҳи август сохторҳои қудратии Тоҷикистон ба реҷаи пурзӯри адои хизмат гузаронида шуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста