Як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ҳамчун террорист мавриди ҷустуҷӯи байнулмилалӣ қарор дошт, марзбонони Украина дар фурудгоҳи «Бориспол»-и шаҳри Киев боздошт намуданд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти давлатии марзбонии Украина, шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистон аз Туркия ба Украина омада, ӯро Интерпол (Пулиси байнулмилалӣ) ҷустуҷӯ доштааст.
Тибқи маълумоти пешакӣ, ин шаҳрванди Тоҷикистон ҳамчун узви гурӯҳи террористӣ мавриди пайгарди байнулмилалӣ қарор дошта, минбаъд барои ба ҷавобгарии ҷиноӣ ҷалб гардидан, бояд ба Тоҷикистон истирдод шавад.
«Баъди анҷоми тамоми расмиёти зарурӣ боздоштшуда бо тартиби муқарраршуда ба ихтиёри кормандони Пулиси миллӣ супурда шуд», - омадааст дар хабар.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста