Шаҳрванди Тоҷикистон бо миқдори зиёди маводи мухаддири сахттаъсири героин дар марзи гумрукии Озарбойҷон дастгир шуд.
Бино ба иттилои Кумитаи давлатии гумруки Озарбойҷон, ахири ҳафтаи гузашта зимни азназаргузаронии автомашинаи боркаш тариқи дастгоҳи рентгенӣ дар пинҳонгоҳи он 141 килову 156 грамм маводи нашъаовари героин дарёфт шудааст. Автомашина таҳти идораи шаҳрванди Тоҷикистон Муҳаммадин Исмоилов қарор дошта, аз Эрон ба Озарбойҷон ворид шуданӣ будааст.
Гуфта мешавад, ҳангоми бозпурсиҳои нахуст ронадаи воситаи нақлиёт, шаҳрванди Тоҷикистон гуфтааст, бо транзит тариқи Озарбойҷон ба Гурҷистон рафтанӣ будааст.
Зимнан зикр мегардад, ки айни замон аз рӯи ин далел корҳои тафтишотӣ роҳандозӣ шудаанд.








Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста