Нисбати сокини маркази маъмурии ВМКБ - шаҳри Хоруғ З.Боронбеков дар прокуратураи шаҳр бо моддаҳои 328 қисми 2 (истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият) ва 330 қисми 1 (таҳқири намояндаи ҳокимият) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
Бино ба маълумоти маркази матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон, З.Боронбеков ҳангоми ҳаракат дар кучаҳои шаҳр бо автомашинаи сиёҳшиша ба талаби қонунии кормандони БДА оиди боздоштани воситаи нақлиёт итоат накарда, бо қисми пеши автомашина нозири роҳ, сержанти калони милитсия Мамадзиёев Х. М.-ро тела дода, ҳаракаташро идома додааст.
Гуфта мешавад, тахминан пас аз 10-15 дақиқа З.Боронбеков ба ҷои ҳодиса баргашта, нозирони роҳ Давлатмамадов Д. Ҳ., Лайлиев Э. С., -ро бо корд захмдор намудааст.
Зимнан зикр мегардад, ки парвандаи ҷиноятӣ нисбати З.Боронбеков бо анҷоми тафтишот ба суд ирсол карда шуда, дар арафаи баррасӣ қарор дорад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста