Марди 26-солаи сокини шаҳри Душанбе, муҳофизи яке аз корхонаҳои хусусӣ ба мақомоти милитсия муроҷиат намуда, изҳор доштааст, ки як шахси номаълум ӯ ва се тан аз ҳамкоронашро мавриди лату кӯб қарор додааст.
Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар ин робита менависад, ин шахс дар даромадгоҳи ҷойи корӣ бо олоти халандаю буранда ба пойи рости муҳофиз зарба зада, сипас ҳамкоронаш, марди 30-сола ва 26-солаи сокинони шаҳри Душанберо низ зери лату кӯб қарор додааст, ки дар натиҷа ҷабрдидагон ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштаанд.
Гуфта мешавад, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар ин ҷинояти авбошӣ марди 26-солаи сокини шаҳри Душанберо, ки қаблан бо моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, дастгир намудаанд.
Зимнан зикр мегардад, ки нисбати гумонбаршуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти ҳодиса идома дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста