Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон мегӯянд, шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо миқдори зиёди маводи мухаддири сахттаъсири героин дар марзи гумрукии Озарбойҷон дастгир шуда буд, аъзои Ҳизби фаъолияташ манъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон мебошад.
Тавре дар маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон зикр мегардад, Муҳаммадҷон Исмоилови 31-сола, сокини шаҳраки Қалъаи Ҳисори ноҳияи Ҳисор аъзои ҲНИТ буда, се моҳ пеш ба Эрон рафтаааст ва он ҷо дар яке аз ширкатҳои байналмилалии автомобилӣ ба кор даромада, бо дарёфти маводи мухаддир дар Эрон, барои фурӯш ба маблағи 3 млн. доллари ИМА онро ба Озарбойҷон интиқол доданӣ шудааст, вале аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии гумруки Озарбойҷон бо 141 кило героин дастгир мешавад.
Ёдрас мекунем, ки нимаи моҳи август як шаҳрванди Тоҷикистон бо миқдори зиёди маводи мухаддири сахттаъсири героин дар марзи гумрукии Озарбойҷон дастгир шуда, зимни азназаргузаронии автомашинаи боркаш тариқи дастгоҳи рентгенӣ дар пинҳонгоҳи он 141 килову 156 грамм маводи нашъаовари героин дарёфт шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста