Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Ҳусейн Раҳмоновро барои нияти узвият ба созмони террористии «Давлати исломӣ» ва радиои «ZELLO» (Роҳнамо ба сӯи давлати исломӣ) мутобиқи моддаи 307, қ. 3-и Кодекси ҷиноии ҶТ (ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ) ба 5 соли зиндон маҳкум кард.
Тавре ба «Азия-Плюс»» аз додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт хабар доданд, ӯ аз Русия бо кумаки Алиҷон тариқи телефон бо маводи интернетии гурӯҳи Давлати исломӣ шинос ва барномаи радиои «ZELLO» (Роҳнамо ба сӯи давлати исломӣ)-ро сабт намуда, дар он саҳифаи худро бо номи «Usmon.55.» боз мекунад. «Сипас бо дигар аъзои ин созмони террористӣ низ аз наздик шинос шуда, ба даъвати онҳо ҷиҳати сафар ба Сурия ва мубориза зидди кофирон розӣ мешавад», - гуфт манбаъ.
Ба гуфтаи манбаъ, моҳи январи соли 2016 бо мақсади сафар ба Сурия ӯ тавассути шабакаи интернетӣ барномаи «Telegram»-ро дар телефони худ сабт ва бо узви созмони Давлати исломӣ бо номи «Шаҳома» дар Афғонистон тамос гирифта, аз ӯ роҳу воситаҳои сафар ба Сурия ва пайвастан ба ин созмонро мепурсад. «Шаҳома» дар ҷавоб ба ӯ мегӯяд, ки раводид гирифта, ба ҶИА биёяд ва дар ин ҷо таълимоти динию низомӣ гирифта, баъдан ба Тоҷикистон омада, бар зидди давлати «тоғутиҳо» мубориза барад», - гуфт манбаъ.
«Сипас ҳамин моҳ ӯ аз Русия ба Тоҷикистон баргашта, аз худуди ноҳияи Бохтар бо «Шаҳома» бо тахаллусҳои «Усмон», «Абӯ Асмоа» ва «Абӯ Усмон» ба алоқа баромада, роҳкиро пурсон мешавад, вале онҳо посух медиҳанд, ки айни замон хазина надошта, аз ҷиҳати моддӣ кӯмак карда наметавонанд ва ба ӯ оид ба дар дохил ва гирду атрофи масҷидҳо мавҷуд будани камераҳои сабткунанда, гӯш кардани мавъизаҳои имомхатибони масҷидҳо нисбати Давлати исломӣ дастур медиҳанд», - иброз дошт манбаъ.
Зимнан зикр гардид, ки ӯ барои иҷрои супоришҳои «Шаҳома» бо ёрии бародараш Раҳмонов Абдулмаҷид ва ҷиянаш Раҳмонов Фаридун масҷидҳои кӯчаҳои Ломоносов, маҳаллаи 14-ум ва масҷиди назди бозори шаҳри Қӯрғонтеппаро аз назар гузаронида, дар ин хусус тавассути барномаи «Telegram» ба «Шаҳома» маълумот додааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста