Сарвиноз Раҳматова, ки аввали сол ба иттиҳоми даст доштан дар қатли аъзои оилаи Бобоевҳо аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба 28 соли зиндон маҳкум шуда буд, метавонад мутобиқи қонуни афв ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба озодӣ барояд.
Зимни баррасии лоиҳаи қонуни нав «Дар бораи афв» дар палатаи поёнии парлумон сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ генерал-лейтенант Иззатулло Шарифов дар ин робита изҳор намуд, ки мутобиқи бандҳои қонуни амалкунанда С.Раҳматова мавриди авф қарор мегирад.
Дар мавриди ин масъала Иззатулло Шарифов пешниҳод кард, ки ба лоиҳаи қонуни нав тағйирот ворид карда шавад, то ки минбаъд ба афви занони чунин ҷиноятҳои вазнин содиркарда имкон дода нашавад.
Раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров ваъда дод, ки ин пешниҳод баррасӣ мешавад.
Ёдрас мекунем, ки аввали соли равон ҳафт тан аз аъзои оилаи Раҳматовҳо - сокинони шаҳрҳои Хуҷанду Чкалов барои гунаҳкорӣ дар қатли аъзои оилаи Бобоевҳо аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба муҳлатҳои зиёди зиндон маҳкум шуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста