Наздикони Ҷамшед Ёров, вакили дифои Маҳмадалии Ҳаит, муовини раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ иддао мекунанд, ки пас аз як рӯзи нопадид шудан, ӯ расман боздошт шудааст.
Хосият Ёрова, хоҳари Ҷамшед Ёров ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки бародараш рӯзи 23 август, баъди як рӯзи нопадид шудан бо онҳо телефонӣ дар тамос шуд ва хабар дод, ки дар бинои Додситонии кулл қарор дорад ва ба боздоштгоҳи муваққатии Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе интиқол меёбад.
Хосият Ёрова гуфт, ки дар ин сӯҳбати телефонӣ Ҷамшед гуфтааст, ки Додситонии кулл ӯро дар интишор додани нусхаи ҳукми Додгоҳи олӣ дар нисбати аъзои раёсати ҲНИТ айбдор мекунад. Аммо мақомоти Додситонии кулл дар иртибот ба ин масъала иттилое надоданд, аз ҷумла ин хабарро расман тасдиқ ё инкор накарданд. Санҷиши дурустии ин хабар феълан имкон надорад, ҳеҷ як аз сохтори қудратии Тоҷикистон омода нашуд, ки ин қазияро барои матбуот шарҳ диҳад.
Вале ба иддаои Хосият Ёрова, ки бо такя ба занги кӯтоҳи телефонии бародараш Ҷамшед Ёров сӯҳбат мекард, алайҳи бародараш бо моддаи 311 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (ифшои маълумоти дорои сирри давлатӣ аз ҷониби шахсе, ки ин маълумот ба ў бовар карда шудааст ё вобаста ба хизмат ё кор ба ў маълум гардидааст, агар ин маълумот дастраси дигар шахсон шуда, дар ин кирдори ў нишонаҳои хиёнат ба давлат мавҷуд набошад), айб эълон карда шуд.
Хосият Ёрова, хоҳари Ҷамшед Ёров таъкид мекунад, ки бародараш дар баҳси қазияи додгоҳии аъзои раёсати Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ танҳо аз Муҳаммадалии Ҳаит ҳимоят мекард ва нусхаи ҳукми Додгоҳи Олиро дар даст надошт. Ҷамшед бародари Бузургмеҳр Ёров, ҳуқуқшиноси дигар аст, ки ҳоло дар додгоҳ аз рӯи иттиҳоми «барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ, динӣ ва даъват ба тағйири сохти конститутсионӣ” ва инчунин қаллобӣ посух медиҳад. Худи ӯ аз оғоз ин иттиҳомотро беасос номида рад кардааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста