Як шаҳрванди Тоҷикистон, ки муддати беш аз 11 сол барои содир намудани як силсила ҷиноятҳои вазнин мавриди ҷустуҷӯӣ байнидавлатӣ қарор дошт, аз Русия ба ватан истирдод шуд.
Тавре хадамоти матбуоти Прокуратураи шаҳри Маскав хабар медиҳад , шаҳрванди 39-солаи Тоҷикистон Фарҳод Шосафаров аз Русия ба Тоҷикистон истирдод шудааст. «Тайи зиёда аз 11 сол ӯ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвари худ барои содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи бандҳои «е, ж, з, и, к, л», қ. 2-и моддаи 104 (Одамкушӣ), қ. 2-и моддаи 186 (Бандитизм) ва банди «в», қ. 4-и моддаи 249 (Роҳзанӣ)-и Кодекси ҷиноии ҶТ мавриди пайгард қарор дошт», - омадааст дар маълумот.
Гуфта мешавад, Шосафаров аз соли 1999 узви гурӯҳи мусаллаҳи ҷиноятпеша таҳти раҳбарии барордараш будааст, ки барои ҳамлаву ғорати шаҳрвандон ташкил карда шудааст.
Моҳи феврали соли 2016 ҷинояткори фирориро кормандони Сарраёсати ВКД Русия дар шаҳри Маскав боздошт ва баъди санҷиши ҳуҷҷатҳо аз ҷониби Прокуратураи генералии Русия, доир ба истирдодаш тасмим гирифта мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста