Зинаи таҷдиди назари суди вилояти Челябински Русия муҳлати ҷазои зодаи Тоҷикистон, варзишгар Комил Ҷамиловро, ки ба мухлиси дастаи хоккейи «Трактор» Виталий Спиридонов зарбаи марговар зада буд, ба муддати беш аз 6 сол дарозтар кард. Дар ин бора ВАО-и Русия хабар медиҳанд.

Гуфта мешавад, акнун ба ивази 3,8 соли зиндони низоми умумӣ, ӯ ба 10 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуд. Роҳбари хадамоти матбуои суди вилоят Евгения Натсиевская гуфтааст, Ҷамиловро ҳамчунин зарур аст, ки ба оилаи марди ҳалокшуда беш аз миллион рубл маблағ пардохт намояд.

Ғайр аз ин, зодаи Тоҷикистон ба пардохти ҷуброни молӣ (хароҷоти гурӯ чӯб) ба маблағи  73 ҳазор рубл, ҳамчунин ба сифати ҷуброни зиёни молӣ ба ҷабрдидаи дуюм - 150 ҳазор рубл ва барои зарари молии расонидашуда (хароҷоти табобат) - ҳудуди 55 ҳазор рубл низ уҳдадор шудааст.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи июн собиқ варзишгари навъи омехтаи ҳарб (ММА), зодаи Тоҷикистон Комил Ҷамилов барои қатли мухлиси дастаи хоккейи «Трактор»-и шаҳри Чклябинск Виталий Спиридонов ба 3 солу 8 моҳи зиндони низомаш умумӣ маҳкум шуд.