Дар сурати қабули тағйироту илова ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, ки аз ҷониби ҳукумат пешниҳод шудааст, шаҳрвандони гунаҳкор ба хиёнат ба давлатро дар Тоҷикистон метавонанд ба ҳабси абад маҳкум кунанд.

Ҳукумати Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ба Кодекси ҷиноии ҷумҳуриро таҳия ва онҳоро ҷиҳати баррасӣ ба палатаи поёнии парлумон ирсол кардааст, ки дар онҳо сангинтар шудани ҷазо барои хиёнат ба давлат пешбинӣ шудааст.

Мувофиқи меъёрҳои амалкунандаи моддаи 305 Кодекси ҷиноии ҶТ, барои содир шудани ҷиноят бо аломатҳои хиёнат ба давлат аз 12 то 20 соли маҳрумият аз озодӣ бо мусодираи амвол ҷазо пешбинӣ шудааст.

Бо пешниҳоди ҳукумат, ба моддаи мазкур қисмати нав илова мегардад, ки мувофиқи он барои содир шудани чунин ҷиноят аз ҷониби хизматчиёни давлатӣ ва кормандони сохторҳои қудратӣ бо истифода аз мансаби хизматӣ, онҳо метавонанд ба муҳлати 25 соли зиндон бо мусодираи амвол ва дар ҳолатҳои истисноӣ ба ҳабси абад маҳкум шаванд.