Кумитаи тафтишоти Русия дар шаҳри Санкт-Петербург парвандаи ҷиноӣ аз рӯи марги тифли панҷмоҳаи тоҷик Умаралӣ Назаров хотима дод. Ин тифлро соли гузашта мақомоти Хадамоти муҳоҷирати Русия ва пулис иҷборан аз модараш ҷудо карданд ва ӯ баъди чанде ба таври мармуз аз дунё даргузашт.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, бинобар фарзияи тафтишот "таъсири берунӣ" наметавонист сабаби марги кӯдак шавад. Дар ин ниҳод ҳамчунин гуфтанд, ки мақомоти Хадамоти муҳоҷират ва пулис дар ин қазия аз салоҳияти худ сӯиистифода накарданд ва кӯдак аз кӯмаки тиббӣ камбудӣ надошт.

Ёдрас мекунем, ки кӯдаки 5-моҳаи муҳоҷирон аз Тоҷикистон Заррина Юнусова ва Рустам Назаров - Умаралӣ Назарови 5-моҳа ҳангоми рейди кормандони Хадамоти федералии муҳоҷират дар шаҳри Санкт-Петербург субҳи рӯзи 13 октябри соли 2015 аз модараш гирифта шуда, баъди чанд соат аз ҷониби кормандони пулис ба бемористони кӯдаконаи ба номи Симбалин фиристода шуд ва нимашаби ҳамон рӯз дар ин бемористон фавтид. Аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд.

Дар ҷараёни санҷиши хидматӣ ВКД ба хулоса расид, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин ҳолат аз рӯи қонун амал кардаанд, вале дигар ниҳодҳо мақомоти пулисро дар ин ҳодиса гунаҳкор донистанд.

Ғайр аз ин, нахуствазири Русия ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ваъда дода буд, ки ҳодисаи марги кӯдаки тоҷик дақиқан мавриди тафтиш қарор дода хоҳад шуд.

Моҳи майи соли равон «Новая газета хабар дода буд, ки суди Невскии шаҳри Санкт-Петербург беамалии мақомоти тафтишот дар ҷараёни таҳқиқи марги тифли панҷмоҳа аз Тоҷикистон Умаралӣ Назаровро ғайриқонунӣ эътироф кард.

Қобили зикр аст, ки чанде қабл сокинони шаҳри Санкт-Петербург дар майдони Марсово гирдиҳам омада маросими ёдбуди марги тифли тоҷик Умаралӣ Назаровро баргузор кунанд. Дар ин ҳамоиш 30 нафар ширкат варзида, ба хотири тифл бо номи «Умаралӣ»шамъ фурӯзон карданд.