Суди вилояти Хатлон сокини шаҳри Қӯрғонтеппа Аҳлиддин Машрабовро дар марги хизматчии ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон Алексей Буенков гунаҳкор эътироф намуда, ӯро ба 20 соли зиндон маҳкум кард.

Аҳлиддин Машрабови 24-сола дар содир намудани ҷиноят мутобиқи 2 моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ - 104 (Одамкушӣ) ва 237 (Авбошӣ) айбдор дониста шуд.

Аз суди мазкур ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ ва мурофиаи судӣ гуноҳи Машарабов пурра исботи худро ёфтааст.

Ёдрас мекунем, ки дар маркази маъмурии вилояти Хатлон - шаҳри Қӯрғонтеппа шаби 30 ба 31 июл зимни ҷанҷолу занозанӣ бо ҷавонони маҳаллӣ сержанти калони пойгоҳи низомии 201-уми Русия мустақар ин шаҳр кушта шуда буд.