Се тан аз наздикону пайвандони Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби фаъолияташ дар ҷумҳурӣ манъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон пас аз анҷоми муҳлати муқарраршудаи ҷазо аз зиндон раҳо шуданд.
«Пас аз як соли адои ҷазо Ҷамшед Нарзуллоев, писараммаи Муҳиддин Кабирӣ, мудири ширкати "Бинокор-Сервис"; Маҳмадалӣ Раҳматуллоев, бародари ҳамсари ӯ, сардори шӯъбаи кадрҳои "Бинокор-Сервис" ва Ҳикматулло Сайфов, ронанда ва хеши ҳамсари Кабирӣ аз маҳбас озод шудаанд», - хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаи наздик ба озодшудагон.
Ёдрас мекунем, ки Нарзуллоев, Раҳматуллоев ва Файзовро кормандони хадамоти махсуси Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2015 ба гумони даст доштан дар ҳамкорӣ бо писари Кабирӣ боздошт намуда буданд. Раиси ҲНИТ ба интиқоли пул ба воситаи писараш ба Абдуҳалим Назарзода, собиқ муовини вазири мудофиаи ҷумҳурӣ, ки 4 сентябри соли 2015 ба кӯшиши табаддулот даст зада буд, айбдор карда мешавад.
Пайвандону наздикони Кабирӣ ба огоҳ накардан аз ҷиноят гунаҳкор эътироф гардида, ҳар кадоме ба 1 соли зиндон маҳкум шуда буданд. Худи Кабирӣ айни замон бо дархости Тоҷикистон тариқи Интерпол мавриди ҷустуҷӯ эълон шудааст.
Охири моҳи сентябри соли гузашта Суди олии Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро террористӣ ва ифротгаро эълон намуда, фаъолияти онро дар қаламрави ҷумҳурӣ манъ кард. Аъзои Шӯрои олии сиёсии ҳизб ба ҳабси абад ва муҳлатҳои зиёди зиндон маҳкум шуданд. Ҳуқуқшинос ва мушовири раиси ҲНИТ, ягона зан миёни онҳо Зарафо Раҳмонӣ ба 2 соли зиндон маҳкум шуда, санаи 5 сентябр мавриди авф қарор гирифт ва ба озодӣ баромад.



