Гулчеҳра Бобоқулова, ки кӯдакро дар шаҳри Маскав ба қатл расонида, таҳдиди ба амал овардани таркиш дар шаҳри Маскавро карда буд, бо қарори суд аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод карда шуд. Ӯ ба дармонгоҳ барои табобати маҷбурӣ фиристода мешавад.
Бино ба маълумоти РБК, шаҳрванди Ӯзбекистон Гулчеҳра Бобоқулова барои муолиҷаи маҷбурӣ ба дармонгоҳи пӯшида фиристода шудааст.
Қаблан низ ташсис нишон дода буд, ки Бобоқулова аз нигоҳи равонӣ бемор буда, ӯ бояд мавриди муолиҷаи маҷбурӣ қарор гирад.
Қобили зикр аст, ки охири моҳи октябри соли равон Гулчеҳра Бобоқулова дар қисмати пӯшидаи мурофиаи судӣ ба содир кардани ин ҷиноят иқрор шуда, ҳаҷми зиёни аз ҷониби Гулчеҳра Бобоқулова расонидашуда ба ҷабрдидагон (волидони кӯдак ва соҳиби манзили иҷораи ин оила) 6,5 млн. рубл арзёбӣ шуд.
Давоми соли равон мақомоти суди шаҳри Маскав чандин маротиба муҳлати ҳабси Гулчеҳра Бобоқуловаро дароз кард. Ӯ ба қатли духтарчаи 4-сола дар Маскав моҳи феврали соли равон айбдор карда мешавад.
Ёдрас мекунем, ки Гулчеҳра Бобоқуловаро пулиси Русия рӯзи 29 феврал бо сари буридаи кӯдак ва нидои "Аллоҳ Акбар!" дар назди истгоҳи метрои Маскав дастгир кард. Ин зан, ки либоси сиёҳ дар тан ва рӯймоли исломӣ дар сар дошт, ба гуфтаи шоҳидон, каллаи кӯдаки кушташударо алвонҷ медод.
Аввали моҳи апрел дар шабакаи интернет навори видео мунташир шуд , ки дар он гӯё гуфтугӯи дояи гумонбар ба қатли кӯдак дарҷ ёфтааст. Дар сабт зан Гулчеҳра Бобоқулова муаррифӣ шуда, рафтори худро ҳамчун қасосгирӣ барои бомбаборонкунии Сурия шарҳ медиҳад.
Ҳамчунин ВАО иттилоъ дода буданд , ки шаҳрванди Ӯзбекистон Гулчеҳра Бобоқулова бо шаҳрванди Тоҷикистон муносибат дошта, ин шахс ба ӯ афкори динии ифротгароиро талқин мекардааст.



