Суди вилояти Суғд сокини шаҳри Истаравшанро барои қатли бераҳмонаи ҳамсараш ба 19 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.

«Сокини 43-солаи шаҳри Истаравшан Ҳасан Муминов дар қатли ҳамсари худ - модари ду кӯдаки ноболиғ гунаҳкор дониста шуда, ба ӯ мутобиқи моддаи 104, қ. 2-и Кодекси ҷиноии ҶТ (одамкушӣ бо бераҳмии махсус) ҳукм содир шуд», - хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз суди вилоят.

Зимнан зикр гардид, ки маҳкумшуда моҳи августи соли 2016 дар заминаи рашк бо ҳамсараш ҷанҷолу муноқиша карда, ба ӯ бо корд 7 зарба мезанад, ки дар натиҷа зан дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида буд.