Суди вилояти Суғд сокини 30-солаи шаҳри Конибодомро барои қатли падараш ба 19 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.
«Ҷамшед Шарипов дар қатли падари 54-солаи худ гунаҳкор дониста шуд. Ин ҷиноят дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз содир гардид», - хабар дод ба «Азия-Плюс» дар ин робита раиси мурофиаи мазкур судя Суҳроб Нурализода.
Ба қавли ӯ, падару писар санаи 25 март ҳамроҳ иди Наврӯзро ҷашн гирифта, миёни онҳо аз барои хоҳари маҳкумшуда муноқиша сар мезанад.
«Маҳкумшуда аввал бо духтар ҷанҷол карда, сипас вақте падараш ба тарафдории духтараш овоз баланд мекунад, Ҷамшед белро гирифта, бо он якчанд маротиба ба падараш зарба мезанад, ки бар асари он марди калонсол дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад», - изҳор намуд судя.



