Ҳукуматдорони Ҳиндустон нисбати корманди пулис Канвар Пал барои хунукназарӣ зоҳир намудан ба вазифаҳояш замони сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин кишвар парвандаи ҷиноӣ боз намудаанд.

Бино ба маълумоти ВАО-и Ҳиндустон, 17 декабр Канвар Пал ҳамроҳ бо ҳамкорон посбонии роҳеро бар дӯш доштаанд, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари давлатиаш дар Ню Дели тариқи ин роҳ мегузашт.

«Соати 9:15 ӯро дар суҳбати телефонӣ бо ҳамсараш дарёфтаанд ва ин ҳам дар ҳолест, ки ҳавопаймо бо президенти Тоҷикистон бояд соати 10:30 дар фурудгоҳи пойтахти Ҳиндустон менишаст», - хабар додаанд ВАО.

Тибқи ин маълумот, мақомот мушоҳида кардаанд, ки Канвар Пал тариқи телефон бо ҳамсараш гап мезанад. «Мо дарҳол ӯро манъ кардем», - гуфтааст як манбаъ дар мақомоти пулис ва илова намудааст, ки нисбати ин корманди пулис базудӣ санҷиш оғоз гардидааст.

Ёдрас мекунем, ки сафари давлатии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳиндустон бо маросими истиқболи бошукӯҳи расмӣ дар назди қасри Раштрапати Бҳавани Президенти ин кишвар рӯзи 17 декабр оғоз ёфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар суҳбати самимии дӯстонаи Президенти Тоҷикистон бо Президенти Ҳиндустон Пранаб Кумар Мукерҷӣ  вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд.