Собиқ раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ Исмоил Мирмахсумиён, ки санаи 17 июл бо фармони Президенти кишвар «барои ба қонуншиканӣ роҳ додан зимни баррасии парвандаҳо» аз мансабаш сабукдӯш гардида буд, аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ боздошт шудааст.
Зимни нишасти хабарӣ дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар ин робита зикр гардид, ки И.Мирмахсумиён ба гумони даст доштан дар порагирӣ муттаҳам дониста шуда, айни замон таҳти ҳабс қарор дорад.
«Судя ба гирифтани пора дар ҳаҷми 8 ҳазор доллар гумонбар дониста шуда, нисбати ӯ мутобиқи моддаи 319 (Порагирӣ)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвнадаи ҷиноӣ боз шуд», - иброз дошт ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҳукумати ҷумҳурӣ.
Ба гуфтаи манбаъ, рӯзи 17 июл, санаи ба имзо расидани фармони президент дар бораи аз вазифа озод кардани И.Мирмахсумиён, ӯ дар озодӣ қарор дошта, аввали ҳафтаи равон ба ҳабс гирифта шудааст.




