Собиқ раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ Исмоил Мирмахсумиён, ки санаи 17 июл бо фармони Президенти Тоҷикистон «барои ба қонуншиканӣ роҳ додан зимни баррасии парвандаҳо» аз мансабаш сабукдӯш гардида буд, имрӯз дар ҳабс қарор дорад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти судии ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, Мирмахсумиён ба гирифтани пора гумонбар дониста мешавад. Аз додани маълумот доир ба ҷузъиёти дигари ин масъала манбаъ худдорӣ варзид.

Дар ҳамин ҳол, ба саволи хабарнигори «Азия-Плюс» оид ба боздошти Исмоили Мирмахсумиён дар Агентии зиддифасоди Тоҷикистон изҳор намуданд, ки ба ин савол журналистон дар вохӯрӣ бо раҳбарияти Агентӣ, ки имрӯз, 28 июл доир мегардад, посух дарёфт карда метавонанд.