Телефонҳои мобилии гаронарзиш дар маркази савдои «Тоҷикистон» мусодира шуданд.
Кормандони Раёсати хадамоти гумруки шаҳри Душанбе беш аз 90 адад телефонҳои мобилии гаронарзишро аз фурӯши ғайриқонунӣ дар маркази савдои Тоҷикистон мусодира намуданд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҷумҳурӣ, арзиши умумии моли мусодирашуда қариб 30 ҳазор долларро ташкил медиҳад.
Гуфта мешавад, ба гумони даст доштан дар ин амал шаҳрванд Ҳ.Ш. боздошт шудааст, ки автомашинаи сабукравро дар саҳни ҳавлии маркази савдои «Тоҷикистон» ҷойгир намуда, бидуни ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда пинҳонӣ аз дохили автомашина барои мизоҷон телефонҳои мобилии гаронарзишро гирифта, дар маркази савдои номбурда ба фурӯш мебаровардааст.
«Ҳангоми гузаронидани муоинаи гумрукӣ аз дохили автомашинаи мазкур ба миқдори умумии 92 адад телефонҳои гаронарзиши тамғаҳои GALAXY ва HUAWEI дарёфт ва гирифта шуд», - омадааст дар маълумот.
Қайд мешавад, ки мутобиқи маълумотномаи Шуъбаи пардохтҳои гумрукӣ ва назорати арзии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе арзиши гумрукии телефонҳо 251 ҳазору 262 сомонӣ (наздики 30 ҳазор доллар)-ро ташкил медиҳад.
Зимнан зикр мегардад, ки доир ба ҳолати мазкур маводҳо дар истеҳсолоти корӣ ва мавриди чораҷӯӣ ҷиҳати таъмини ҷазои маъмурӣ қарор дорад.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста