25 соли зиндон барои куштани хешовандони шавҳар. Тариқи доимо ба хӯрок илова кардани заҳр ин зан 30 нафарро заҳролуд кард, ки 2 тан аз онҳо ҷон бохтанд. Шавҳараш даст ба худкушӣ зад.
Тавре ба «Азия-Плюс» судяи суди вилояти Хатлон Зубайдулло Маҳмудзода хабар дод, суд Моҳпора Ҳимматоваи 37-соларо мутобиқи се моддаи Кодекси ҷиноӣ гунаҳкор эътироф намуда, айби ӯ дар ҷараёни судӣ пурра исботи худро ёфтааст: ӯ дар куштани ду хешованди шавҳараш, то ба худкушӣ оварда расонидан ва заҳролуд кардани 30 кас муттаҳам дониста шуд.
«Ӯ соли 2014 бо Мирзошо Насриддинов издивоҷ карда, дар деҳаи Пахтакори ҷамоати К.Сайфиддинов зиндагӣ мекарданд. То замони ҳабс ӯ тариқи ба хӯрок илова намудани заҳрҳо мехостааст, ки ҳамаи аъзои оилаи ҳамсарашро кушта, соҳибхоназани комилҳуқуқи оилаву манзил гардад, - гуфт судя. - Аз ин амалҳои ӯ аввал бародари шавҳараш - Мирхӯҷа Насриддинов ва баъдан духтари ноболиғи ӯ ҳалок шуда, ҳамчунин бинобар сабаби ин корҳо шавҳараш даст ба худкушӣ зад».
Суд Моҳпора Ҳимматоваро ба 25 соли зиндон маҳкум намуда, вале мувофиқи моддаи 7 Қонуни ҶТ «Дар бораи авф» аз 24 августи соли 2016, муҳлати ҷазои ӯ 1/4 ҳисса кам шуд.
Дар ҳамин ҳол, адвокати маҳкумшуда Шералӣ Қарахонов бо ҳукми суд норозӣ ва онро «ғайримунсифонаву ғайриқонунӣ» хонда, мегӯяд, далелҳо танҳо ба гумонҳои тафтишоти пешакӣ асос ёфта, шоҳидон низ исбот карда натавонистанд, ки зерҳимояаш ба хӯрокҳо заҳр илова мекардааст.
Дар робита ба гуноҳи то худкушӣ оварда расонидани шавҳараш адвокат изҳор намуд, ки ин ҷо низ зерҳимояаш гунаҳкор нест, зеро он замон муддати 15 рӯз дар хонаи хешовандонаш қарор доштааст.
«Шавҳараш дар ҳолати мастӣ аз шароб даст ба худкушӣ зада, дар ин кор зерҳимояи ман айбе надорад, - иброз дошт ӯ. - Мо ба ҳукми суд норозӣ буда, аз болои ин шикояти таҷдиди назар пешниҳод кардем ва акнун парванда ҷиҳати баррасӣ ба Суди олии ҷумҳурӣ фиристода мешавад».





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста