Сокини шаҳри Ҳисор барои муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ муҷозот шуд.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ, суди шаҳри Ҳисор сокини маҳаллӣ Баҳодур Ҷалиловро барои ин қонуншиканӣ ба маблағи 36 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима кардааст.
Гуфта мешавад, Ҷалилов бидуни иҷозатномаи махсуси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) нимаи моҳи сентябри соли равон маблағи 4 ҳазор доллари амрикоии сокини маҳаллиро ба 35 ҳазору 220 сомонӣ иваз кардааст.
Ёдрас мекунем, ки БМТ аз 17 апрели соли ҷорӣ бо мақсади «таъмини устувории бозори дохилии асъор ва суботи қурби сомонӣ», фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъори мутааллиқ ба шахсони воқеиро боздошт.
Акнун ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ ҳар як амалиёти фурӯши асъори нақдро бо тартиботи махсус, ишораи ҳамаи маълумоти муайянкунандаи шахсияти харидор анҷом медиҳанд.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста