Прокуратураи генералии Тоҷикистон тафтишоти пешакии парванда нисбати корманди Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Дӯстӣ Маҳмадулло Идиевро ба итмом расонида, ҷиҳати баррасӣ ба суди вилояти Хатлон ирсол намуд.
Тавре як манбаъ аз суди вилояти Хатлон хабар дод, парвандаи ҷиноӣ аз рӯи далели марги сокини 50-солаи ноҳияи Шаҳритӯс Толибҷон Дӯстов баъди боздошташ аз ҷониби кормнадони ШВКД ноҳияи Дӯстӣ ба суди вилоят пешниҳод шуда, мурофиаи аввал оид ба баррасии ин парванда санаи 6 феврал муқаррар шудааст.
Ёдрас мекунем, ки моҳи декабри соли 2017 аз ҷониби Прокуратураи генералӣ оид ба ҳолати баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабии кормандони ШВКД дар ноҳияи Дӯстӣ бо моддаи 316 қисми 1 КҶ ҶТ пешбинишуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, пешбурди тафтиши пешакии он ба муфаттишони Раёсати тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими Прокуратураи генерадии ҶТ вогузор шуд.
Наздикони Толибҷон Дӯстов исрор меварзанд, ки чун ӯ дар натиҷаи латукӯб аз ҷониби кормандони ШВКД фавтидааст, парванда бояд бо дастрасии моддаи 143 прим 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (шиканҷа) оғоз карда мешуд.
Сокини ноҳияи Шаҳритӯс Толибҷон Дӯстови 50-ола дарҳол баъди боздошт аз ҷониби корманони милитсия ҳалок шуд. Тибқи фарзияи расмӣ, мард аз бемории сактаи қалб аз олам даргузаштааст, вале хешовандони марҳум исрор меварзанд, ки ӯ бар асари зӯроварӣ ба ҳалокат расидааст.
Толибҷон Дӯстов рӯзи 26 июли соли гузашта дар яке аз қаҳвахонаҳои маркази ноҳияи Шаҳритӯс боздошт ва баъди гузашти чанд соат пайвандону наздикон дар бемористони ноҳияи Қабодиён ҷасади ӯро дарёфт кардаанд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.






Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста