Бахтовар Солеҳови 23-сола, ки шаби 4 феврал бо автомашинааш кӯчарӯбро пахш карда, дар натиҷа ӯ ҳалок шуд, ба ҳабс гирифта шуд. Ӯ метавонад ба муҳлати 2 сол аз озодӣ маҳрум шавад.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар дод, айни замон нисбати ӯ мутобиқи моддаи 108 (аз беэҳтиётӣ ба марг расонидан)-и Кодекси ҷиноии ҶТ айбнома пешниҳод шудааст.
Ёдрас мекунем, ки ин ҳодиса тахминан соатҳои 1-и шаби 4 феврал дар хиёбони Айнии шаҳри Душанбе рух дод. Савринисо Каримоваи 46-сола, ки ба тозакуниву рӯбучини кӯча машғул буд, зери чархи автомашинаи тамғаи «Тойота Ландкрузер» монд. Ронанда автомашинаро дар ҷойи ҳодиса гузошта, ғайб зад. Субҳи рӯзи 5 феврал кормандони милитсия ӯро боздошт карданд. Дар роҳ ба бемористон зан аз ҷароҳатҳои бардошта ҳалок шуд. Чанд сол пеш шавҳари зан вафот карда, акнун чор фарзанди ӯ ятим монданд.
Маросими гуручӯби зан аз ҳисоби Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳия ва бо дастгирии ҳамсояҳо гузаронида шуд. Раёсат барои оилаи фавтида 6 ҳазор сомонӣ ва маҳсулоти ғизойӣ кумак кард.
Ҳеҷ касе аз хешовандони ронандаи гунаҳкор ба марги зан ба маросими гуручӯби ӯ наомаданд. Танҳо баъди се рӯз модари Солеҳов ба аёдати оилаи фавтида омада, ба онҳо ба сифати маҳсулоти хӯроквориву пул кумак пешниҳод намуд, лекин қабули он рад шуд.
Дар моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, ки тибқи он ба ронанда айбнома пешниҳод шудааст, ду соли зиндон пешбинӣ мешавад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста