Кормандони Раёсати корҳои дохилии пойтахт Диловар Гулови 22-сола, писари собиқ вазири энергетика Гул Шералиро барои майдаавбошӣ боздошт намуданд.
Бино ба маълумоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, Диловар Гулов ҳамроҳ бо 13 нафар ҷавонону ҳамсолонаш дар тарабхонаи «Галакси» ба ҳаракатҳои майдаавбошӣ даст задаанд.
«Тахминан соатҳои 4 ба 5-и субҳи 10 марти соли ҷорӣ дар дохили тарабхонаи «Галакси» байни ҷавонон муноқиша ба амал омада, онҳо якдигарро бо суханҳои қабеҳ дашному ҳақорат мекарданд ва ба талаботи кормандони милитсия итоат намекунанд, - қайд мешавад дар маълумоти. - Сипас гурӯҳи кормандони милитсия ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, 13 нафар ҷавононро ба мақомоти милитсия оварданд».
Гуфта мешавад, дар натиҷа нисбати ҳар кадоме аз онҳо парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ҳар кадоме бо қарори суди ноҳияи Шоҳмансур ба муҳлатҳои аз 5 то 15 шабонарӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифта шудаанд.
Миёни боздоштшудагон ҳамчунин домоди собиқ вазири энергетика Дилшод Нурализода низ ҳузур дорад.
Қобили зикр аст, ки тобистони соли 2015 Диловар Гулов аз ҷониби кормандони БДА барои риоя накардани қоидаҳои сиёҳ кардани шишаҳои автомашинаи шахсиаш боздошт шуда, 5 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шуд.
Зимнан зикр мегардад, ки айни ҳол боздоштшудагон дар ҳабси маъмурӣ қарор дошта, ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб карда шудаанд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста