Суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт сокини ноҳияи Рӯдакӣ Бахтиёр Халифаеви 31-соларо, ки ба пахш кардани журналист гумонбар дониста мешуд, ба 3, 3 соли зиндон маҳкум намуд.
Рӯзноманигор Галим Фасхутдинов рӯзи 30 январи соли 2018 зимни аз роҳ гузаштан дар ранги сабзи чароғак зери чархи автомашина монда, ҳалок шуд.
Тавре ба «Азия-Плюс» Ҳалима, хоҳари Галим Фасхутдинов хабар дод, Халифаев қисман ба гуноҳи худ иқрор шуда, эътироф кардааст, ки вақти пахш кардани роҳгузар бо суръати баланд ва дар ранги сурхи чароғак ҳаракат мекард, вале ҳамчунин гуфтааст, ки ҳамон рӯз борон меборид ва бо ин сабаб ӯ аз уҳдаи идоракунии автомашина набаромадааст.
«Мо бо ҳукми содиршуда розӣ нестем ва ният дорем, ки баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани он, аз болои ҳукм ба суди шаҳри Душанбе шикоят барем», - қайд кард Ҳалима.
Ёдрас мекунем, ки бар асари садамаи нақлиёти шоми рӯзи 30 январ назди мавзеи бемористони рақами 3-и шаҳри Душанбе (маъруф бо 1-ум Советский) рӯзноманигор Галим Фасҳутдинов ҷон бохт.
Рӯзноманигор ҳангоми бозгашт аз кор роҳро дар чароғаки сабз мегузаштааст. Тибқи маълумоти пешакӣ, ин ҳангом автомашинае, ки бо суръати баланд ҳаракат мекард, саривақт онро боздошта натавониста, ӯро пахш кардааст.
Галим Фасхутдинов солҳои зиёд ба ҳайси хабарнигори радиои “Мир”, хабарнигори радиои “Голос России” дар Тоҷикистон фаъолият дошт. Солҳои охир ба сифати хабарнигори бахши русии радиои “Мавҷи Олмон” кор мекард. Ҳамчунин узви фаъоли ҷамъияти тоторҳои Тоҷикистон буд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста