Диловар Гулов, писари собиқ вазири энергетикаи Тоҷикистон Гул Шералӣ, ки ба лату кӯби корманди милитсия гумонбар дониста мешавад, нимаи дуюми рӯзи 9 июл ихтиёран ба мақомоти милитсия ҳозир шуда, айни замон аз рӯи ҳодисаи рухдода баёнот медиҳад, хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон.
Бино ба иттилои манбаъ, ҳодиса шоми рӯзи 8 июл дар Душанбе рух додааст.
«Диловар Гулови 26-сола корманди милитсияро лату кӯб намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад ва дере нагузашта мавриди ҷустуҷӯ эълон мешавад. Аммо рӯзи 9 июл ӯ ихтиёран ба мақомоти милитсия ҳозир шуда, ҳоло баёнот медиҳад. Ба ӯ то ҳанӯз айбнома пешниҳод нашудааст», - иброз дошт манбаъ.
Ин бори аввал нест, ки ному насаби Диловар Гулов дар маълумоти марбут ба ҷиноятҳо зикр мешавад. Моҳи марти соли равон ӯ ҳамроҳ бо 13 нафар ҷавонону ҳамсолонаш дар тарабхонаи «Галакси» ба ҳаракатҳои майдаавбошӣ даст зада, ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шуда буд.
Ҳамчунин қобили зикр аст, ки моҳи августи соли 2015 Диловар Гулов барои риоя накардани қоидаҳои сиёҳу тира кардан (тонировка)-и шишаҳои автомобил ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шуда буд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста