Баъди санҷиши хидматӣ дар робита ба ҳодисаи қатли Ҳувайдо Тиллозода, духтари 5-солаи тоҷик дар Серпуховои Москва чаҳор корманди пулис аз мақом барканор шуданд.
Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, кормандони пулис қаблан хабари сокинони маҳаллӣ дар бораи марди шубҳаоварро дар майдончаи бозии кӯдакон нодида гирифта буданд. Дар ин бора мақомоти пулиси вилояти Москва хабар додаанд.
Баъди санҷиш муовини роҳбар, роҳбари шуъбаи муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ, нозири минтақавӣ ва муовини вай аз мақом барканор шуданд. Аз сафҳои мақомоти корҳои дохилӣ
Ҳувайдо Тиллозодаи 5-соларо рӯзи 22 июл аз назди бинои истиқоматиашон дар Серпуховои наздики Москва рабуданд. Рӯзи баъд ҷасади ӯро дар дохили борҷомаи варзишӣ пайдо карданд.
Ташхиси судиву тиббӣ муайян кард, ки Ҳувайдо таҷовуз ва бо зарби корд куштаа шудааст. Як сокини маҳаллӣ бо гумони содир кардани ин ҷиноят боздошт шуд.
Тафтишот муқаррар кард, ки соли 2017 сокинони маҳаллӣ ба пулис муроҷиат кардаанд, ки марди гумонбар нисбати Ҳувайдо "рафторҳои ғайриқонунӣ анҷом додааст". Нозири минтақаӣ вазифадор буд, ки санҷиш анҷом диҳад, аммо нахост оморҳои минтақаашро бад шаванд ва аз таъсис додани парвандаи ҷиноятӣ даст кашид.
Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, ҷасади Ҳувайдои 5-соларо дар зодгоҳаш дар шаҳри Кӯлоб дафн карданд. Даҳҳо нафар аз хешовандону ҳамдеҳагон дар маросими дафни Ҳувайдо Тиллозодаи номурод ширкат доштанд. Ҳувайдоро дар канори гӯри бобову бибии падариаш дар оромгоҳи маҳалли зисташон дафн карданд
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 23 июл дар наздикии роҳи оҳани қаламрави шаҳри Серпуховои вилояти Маскав ҷасади духтари 5-солаи як оилаи шаҳрвандони Тоҷикистон дарёфт шуд, ки чанде қабл бедарак шуда буд.
Дар Раёсати Кумитаи тафтишоти вилояти Маскав хабар додаанд, ки ба гумони даст доштан дар куштор ва ҳамчунин таҷовуз ба номуси духтарча сокини 28-солаи маҳаллӣ Александр Сёмин боздошт гардид. Тибқи маълумоти нашрия, гумонбаршуда дар ҳамсоягии оилаи кӯдак зиндагӣ дошта, аз хонаи ӯ пайҳои пойафзоли духтар ва изи ангуштони ӯ дарёфт шудааст.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста