Бо қарори ҳайати мушовара (коллегия)-и суди вилояти Суғд рӯзноманигор ва роҳбари дастаи «КВН Тоҷикистон» Хайрулло Мирсаидов аз толори суд озод карда шуд.
Суди вилоят ҷазо нисбати Мирсаидовро аз рӯи ҳамаи се модда, ки қаблан тибқи онҳо ба ӯ аз ҷониби суди шаҳри Хуҷанд айбнома пешниҳод шуда буд, тағйир дод. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» адвокати рӯзноманигор Бахтиёр Насруллоев хабар дод.
Бино ба гуфтаи адвокат, аз ҷумла моддаҳои 245 ва 345 (маҳрумият аз озодӣ) ба ҷарима дар ҳаҷми наздики 80 ҳазор сомонӣ ва моддаи 346 Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ба корҳои ислоҳӣ иваз карда шуданд.
Ёдрас мекунем, ки суди шаҳри Хуҷанд санаи 11 июл рӯзноманигор ва роҳбари дастаи «КВН Тоҷикистон» Хайрулло Мирсаидовро ба 12 соли зиндони низомаш шадид маҳкум намуд. Ӯ дар содир намудани ҷиноятҳои азхудкунӣ ё камомади маблағ, сохтакории ҳуҷҷатҳо ва дидаву дониста додани маълумоти бардурӯғ гунаҳкор эътироф гардид.

Пас аз содир шудани ҳукми суд оилаи Мирсаидов ба сифати ҷуброни зиёни муайяншуда аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ ба нафъи давлат 124 ҳазор сомонӣ маблағ пардохт намуд.
Сипас адвокатҳо доир ба бозбинии ҳукми суди шаҳри Хуҷанд шикояти таҷдиди назар (кассатсионӣ) пешниҳод намуданд. Ҷаласаи бозбинии парванда бояд 15 август доир мегардид, лекин онро ба имрӯз, 22 август мавқуф гузоштанд. Ҷаласаи имрӯза пушти дарҳои пӯшида баргузор шуд. Ба ҷуз адвокатҳои Мирсаидов, дигар касеро ба толор роҳ надоданд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста