Кормандони Шуъбаи ВКД-1 ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе се нафарро ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии прекурсорҳо боздошт намуданд.
Тавре дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар ин робита хабар медиҳад, сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - Муҳаммадхон Муҳаммедов ва Комилҷон Халилов, ҳамчунин ронандаи кироякаш Илҳомиддин Хайриддинов дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ҳангоми кӯшиши фурӯши миқдори зиёди прекурсорҳо дар Душанбе боздошт шуданд.
“Аз номбурдагон 10-адад зарфҳои полиэтиленӣ, ки дар дохилашон маҳлули махсус ҷойгир буданд, дарёфт ва мусодира карда шуда, барои санҷиш ба ниҳоди дахлдор супорида шуданд”, - омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, дар натиҷа мутобиқи маълумотномаи экспертизаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон муайян гардид, ки маводҳои мусодирашуда ангидриди кислотаи атсетат буда, вазни холисаш 120 килограммро ташкил медиҳад.
Зимнан зикр мегардад, ки ангидриди кислотаи атсетат ба «Рӯйхати миллии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва перекурсорҳо» дохил карда шуда, он барои омода намудани воситаҳои нашъадор истифода мешавад, ки муомилоти ғайриқонунии он ҷавобгарии ҷиноятӣ дар пай дорад.
“Зимни пешбурди корҳои тафтишотӣ ҳамчунин муайян карда шуд, ки гумонбарон ин миқдор моддаҳои ба саломатӣ хавфнокро ба таври қочоқ аз шаҳрванди давлати хориҷӣ ғайриқонунӣ ба Тоҷикистон ворид намуда, бо фурӯши он мақсади ба даст овардани маблағи калони пулиро доштанд”, - қайд мешавад дар маълумот.
Ба иттилои манбаъ, айни замон гумонбарон Муҳаммадхон Мухаммедов ва Комилҷон Халилов дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташон бо моддаи 202 иловаи 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва тафтишот дар ин самт идома дорад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста