Аҳлиддин Ятимов, падари Моҳира Ятимоваи 33-сола, ки собиқ шавҳараш қатл кард, ба суди боадолат умедвор аст.
“Ман ба суд ва адолат дар парвандаи куштор духтарам умедворам”, - гуфт ӯ дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс”.
Барои вокуниш ва андешидани тадбирҳои саривақтӣ дар таҳқиқи парвандаи куштори духтараш ӯ ба раҳбарияти ҷумҳурӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва васоити ахбори умум миннатдорӣ изҳор намуд.
“Ҳодисаи куштори духтарам дар хонаи собиқ шавҳараш дар камераҳои видео наворбардорӣ шуда, он ба маводи парвандаи ҷиноӣ ҳамроҳ карда шудааст ва умедворам, ки ин сабти видео далели раднопазири бегуноҳии Моҳира хоҳад шуд”, - гуфт Ятимов.
Ҳамчунин ӯ умедвор аст, ки мурофиаи судӣ нисбати собиқ шавҳари духтараш кушода доир гардида, дар он намояндагони ВАО низ ҳузур хоҳанд дошт.
“Умедворам, ки мурофиаи судӣ нисбати Ширинов барои касоне, ки фикр мекунанд қонун ба онҳо дахл надорад, дарси ибрат мешавад”, - илова кард Ятимов.
Ёдрас мекунем, ки Прокуратураи генералии Тоҷикистон тафтиши парвандаи куштори Моҳира Ятимоваи 33-соларо ба итмом расонида, онро ба баррасии суди шаҳри Душанбе фиристод.
Дар содир намудани ҷиноят собиқ шавҳари марҳум Бобоҷон Ширинов айбдор дониста мешавад, ки нисбаташ мутобиқи моддаи 104, қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (одамкушӣ бо бераҳмии махсус) парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста