Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нисбати сокини шаҳри Душанбе ба иттиҳоми таблиғи афкори равияи фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи “Салафия” дар шабакаи иҷтимоии “Одноклассники” ҳукм содир намуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ, Фарҳод Муҳаммадиеви 23-сола мутобиқи моддаи 307 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (даъвати оммавӣ ба амалисозии фаъолияти ифротгароӣ) ба 5 соли зиндон маҳкум шуд.
Шурӯъ аз соли 2017 ӯ тариқи алоқаи мобилӣ дар сомонаи “Одноклассники” барои пайвастан ба равияи динии “Салафия” даъватҳо интишор мекард. Дар ин давра ӯ ба нашри беш аз 350 даъвати таблиғи афкори салафияҳо фурсат ёфтааст.
Ёдрас мекунем, ки ҷараёни мазҳабии «Салафия», ки фаъолияташро аввали соли 2009 Суди олии ҷумҳурӣ манъ карда буд, гурӯҳи ифротгаро дар Тоҷикистон эътироф шуд.
Қобили зикр аст, ки ҳукми нахуст нисбати тарафдорони ҷараёни «Салафия» дар Тоҷикистон моҳи октябри соли 2010 аз ҷониби суди ноҳияи Сино содир гардида буд. Бо ин ҳукм 7 нафар, аз ҷумла яке аз ҷонибдорони маъруфи ин ҷараён Сироҷиддин Абдураҳмонов низ маҳкум шуда буданд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста