Сокини шаҳри Хуҷанд Азиза Бобоҷонова рӯзи 17 сентябр 6 нафар дугонаҳояшро ба 25-умин солгарди ҷашни зодрӯзаш ба тарабхонаи “Истиқлол”-и шаҳр даъват намуд.
Бино ба маълумоти маркази матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон, барои риоя накардани муқаррати Қонуни ҶТ "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" суди шаҳри Хуҷанд Бобоҷоноваро 5 ҳазор сомонӣ (наздики 530 доллар) ҷарима кард.
Қобили зикр аст, ки дар моддаи 8 қонуни дар боло зикршуда қайд мешавад, ки зодрӯз бояд танҳо дар доираи оила ҷашн гирифта шавад.
Моҳи августи соли 2017 ба қонуни зикршуда тағйирот ворид шуд, ки мувофиқи он, дар сурати аз ҷониби аъзои ҳукумат, раисони вилоят ва шаҳру навоҳӣ, дигар мансабдорони давлатӣ, хизматчиёни давлатӣ, судяҳо, кормандони мақомоти прокуратура, амният, корҳои дохилӣ, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, дигар кормандони мақомти ҳифзи ҳуқуқ, гумрук, андоз ва хизматчиёни ҳарбӣ ё фарзандони онҳо риоя нашудани талаботи ин қонун, онҳо аз мансаб барканор карда мешаванд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста