Суди шаҳри Душанбе омӯзгори забони англисӣ Ҷаҳонгир Қосимовро, ки шогирдонашро ҷиҳати узвият ба гурӯҳи террористии Давлати исломӣ (ДИ) ҷалб мекардааст, ба 19 соли зиндон маҳкум кард.
Тавре ба “Азия-Плюс” муовини раиси суди шаҳри Душанбе Асомиддин Бобохонзода хабар дод, дар робита ба ин парвнада чанде аз шогирдони ӯ низ ба иттиҳоми ифротгароӣ маҳкум шудаанд.
Ҷаҳонгир Қосимов, омӯзгори 22-солаи забони англисии Донишкадаи забонҳо, сокини шаҳри Душанбе, моҳи июли имсол дастгир шуд. Мақомот ӯро айбдор карданд, ки дар зери ниқоби омӯзиши забони англисӣ наврасонро ба ифротгароӣ ҷалб кардааст, қайд мекунад дар ин робита Радиои Озодӣ.
Чаҳор шогирди навраси муаллим - Ҳоҷимуҳаммад Файзуллоев, Сафармуҳаммад Абдуназарзода, Мустафо Раҳматов, Ҳабибулло Давлатов - тобистони имсол дар роҳ ба сӯи Афғонистон боздошт шуда буданд. Мақомот гуфтанд, ин афрод қасд доштаанд, дар он сӯи Омӯ ба гуруҳи террористии “Давлати исломӣ” бипайванданд. Маълум шуда буд, ки ин ҷавонон аз сӯи Қосимов ба Давлати исломӣ ҷалб шудаанд.
Зимни нишасти матбуотии моҳи июл сардори Раёсати минтақавии Агентии назорати маводи нашъаовар дар Кӯлоб Муҳаббат Абдуллозода дар ин маврид зикр карда буд, ки ҳамаи боздоштшудагон хатмкардагони мактабҳои таҳсилоти умумии Душанбе мебошанд. Падару модарони онҳо зодагони ноҳияҳои минтақаи ҷануб – Шамсиддини Шоҳин ва Лахш буда, наврасон аз волидон гӯё барои аёдати хешу ақрабояшон рухсат гирифтаанд.
Дар бораи нияти ба сафҳои Давлати исломӣ пайвастани онҳо кормандони мақомоти қудратӣ аз гуфтугӯҳои телефонии ҷавонон огоҳ шудаанд.
«Кормандони фаврии мақомот гуфтугӯҳои телефонии онҳоро бо намояндагони Давлати исломӣ дар Афғонистон гӯш кардаанд. Як рӯз пеш то кӯшиши гузаштани сарҳад, яке аз онҳо қитъаҳои марзро омӯхтааст, то ки барои гузаштан ҷойӣ бобу қулай интихоб кунад», - қайд карда буд Абдуллозода.
Наздикони маҳкумшудагон бо ҳукми суди шаҳр норозӣ буда, аз болои он шикоят бурданианд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста