Дар доираи тафтиши парвандаи ҷиноӣ нисбати ду афсари Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон мутобиқи моддаи 212, қисми 3 Кодекси ҷиноии ҶТ (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ё бештар шахсон гаштааст) маълум шуд, ки афсарони сарҳадбон замони рух додани садамаи нақлиёти марговар санаи 1 декабр дар Хоруғ маст будаанд.
Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз прокуратураи ҳарбии гарнизони Хоруғ дар ин робита хабар дод, ҳарду афсари қушӯнҳои сарҳадӣ дарҳол баъди рух додани садама боздошт ва имрӯз дар ҳабс қарор доранд.
“Дар ҷараёни тафтиш муайян карда шуд, ки сарҳадбонони боздоштшуда аз рӯи далели даст доштан дар садамаи нақлиёти марговар дар Хоруғ, дар ҳолати сархушӣ аз истеъмоли машрубот қарор доштаанд. Ғайр аз ин, онҳо ҷойи хизматро худсарона тарк карда, бидуни огаҳии раҳбарият бо автомашинаи хизматӣ ба шаҳр баромадаанд”, - қайд карданд дар прокуратура.
Бино ба гуфтаи манбаъ, ба афсарон аз рӯи ин далелҳо низ айбнома пешниҳод мешавад.
Дар моддаи 212, қисми 3 Кодекси ҷиноии Тоҷикистон маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 5 то 10 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то 5 сол ҷазо пешбинӣ шудааст.
Ёдрас мекунем, ки дар натиҷаи садамаи нақлиёти рӯзи 1 декабр дар мавзеи НБО Помир-1, дар деҳаи Нивак бар асари бархӯрди автомашинаи хизматии тамғаи «Toyota RAV-4»-и сарҳадбонон ба автомашинаи мусофиркаш (маршрутка) ду нафар, аз ҷумла зани ҳомиладор ба ҳалокат расида, боз ду тани дигар ҷароҳати вазнин бардоштанд.
Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста