Бахтиёр Саидзода, судяи суди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 28 январи соли ҷорӣ бо фармони Президент “бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад” аз вазифа озод карда шуд.
Насрулло Маҳмудзода, прокурори вилояти Хатлон имрӯз, 30 январ зимни нишасти хабарӣ, омили асосии аз вазифа озод гардидани судя Бахтиёр Саидзодаро шарҳ дод.
“Прокуратураи генералии Тоҷикистон нисбати Бахтиёр Саидзода парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247-и КҶ ҶТ (қаллобӣ) боз кардааст. Тафтишоти ин парванда ба зиммаи муфаттишони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия гузошта шудааст. Ҳоло тафтишот идома дорад ва аз ин бештар чизе гуфта наметавонам”, - иброз намуд Насрулло Маҳмудзода.
Барои содир намудани ҷинояти дар моддаи 247-и КҶ ҶТ зикр гардида, ҷазо дар шакли ҷарима ба андозаи аз 250 то 365 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё шартӣ маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол, пешбинӣ шудааст.
Ёдовар мешавем, ки Бахтиёр Саидзода, судяи Суди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ рӯзи 28-январ бо фармони Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз вазифа озод карда шуд.
Дар фармони Президент сабаби озод шудани ин судя содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, гуфта шудааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста