Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил (РМЗҶМ)-и ВКД Тоҷикистон шаҳрвандонро даъват мекунад, ки дар хабар додан ба мақомот доир ба ҷинояткориҳои марбут ба таҳсили ғайриқонунӣ дар муассисаҳои таълимии динӣ дар хориҷи кишвар, шахсони машғул ба сеҳру ҷодугарӣ, далелҳои хариду фурӯши одамон ва ғайра саҳмгузор бошанд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, Раёсати мазкур ҳамчунин ба дастрасии маълумот дар бораи муомилоти ғайриқонунии сангҳои қиматбаҳо, ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи иттилоот, моликияти зеҳнӣ, молу маҳсулот ва дорувориҳои қалбакӣ ва пастсифат ва дигар ҷиноятҳо низ манфиатдор аст.
Гуфта мешавад, Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Тоҷикистон кафолати ҳимояи шахсӣ, ҳавасмандгардонӣ ва хабардор намудани муроҷиаткунандаро аз натиҷаи баррасии масъала таъмин мекунад.
“Шахсоне, ки дар бораи содир шудани чунин ҷиноятҳо маълумот доранд, ба таври фаврӣ метавонанд тариқи телефонҳои 227-07-07; 221-01-49, суроғаи электронӣ ([email protected]) ва шабакаҳои иҷтимоӣ низ муроҷиат намоянд. Рақами Раёсат дар Вайбер (Viber), Вотсап (WhatsApp), ИМО (IMO), Телеграмм (Telegrams) ва Вичат (WeChat): (+992) 93-444-00-66 аст”, - зикр мешавад дар маълумот.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста