Командони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои боздошти паҳнкунандагони маводи мухаддир дар Душанбе, амалиёти махсус гузарониданд.
Аз маркази матбуоти Агентии мазкур иттилоъ доданд, ки зимни амалиёт сокини шаҳри Душанбе Қудратулло Ҳукматов ба кормандони мақомоти мазкур панҷ ҳаби нашъадори MDMA пешниҳод намудааст. Ӯ ҳоло боздошт гардидааст.
Ҳамин тавр, дар ҷараёни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ - ҷустуҷӯӣ дар кӯчаи Возеҳи шаҳри Душанбе шаҳрванд Илҳом Разоқов боздошт гардид. Ҳангоми ҷустуҷӯ аз ӯ 20 дона ҳаби нашъадори MDMA гирифта шуд. Маълум гардид, ки Разоқов ҳабҳоро аз Қудратулло Ҳукматов дастрас кардааст.
“Дар ҷараёни кофтукови хонаи Қ. Ҳукматов дар кӯчаи Шаропов, 416 дона ҳабҳои нашъаовар ёфт гардид. Ғайр аз ин, аз он хона 6 кг 409 гр афюн пайдо карда шуд. Дар умум, аз боздоштшуда 441 ҳаб ва 6 кг 409,6 гр афюн мусодира гардид”,- хабар медиҳад Агентии мазкур.
Аз рӯйи ин далел, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста